yandex
Дар бораи мо - Asia Consulting

Дар бораи агентӣ

Ширкати мо аз соли 2019 фаъолияти худро оғоз намудааст. Мо ҳамасола ба ҳазорон нафар барои гирифтани маълумоти олӣ дар донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил кӯмак мерасонем. Дар рейтинги ширкатҳое, ки хизматрасонии соҳаи таҳсилоти хориҷиро пеш мебаранд, мавқеи намоёнро ишғол мекунем.

Афзалияти муҳими муроҷиат ба агентии мо муайян кардани хароҷоти шумо барои таҳсил дар донишгоҳи хориҷӣ мебошад. Маълумоти охирин ва боэътимодро оиди имконияти гирифтани идрорпулӣ (стипендия) ё бурсия (грант) маҳз аз мо метавонед дастрас намоед, ки на танҳо хароҷоти хизматрасонии ширкатро мепӯшонад, балки каме фоида ҳам меорад.

first

Маълумоти олӣ бидуни марз

Интихоби барнома, сабти салоҳияти ҳуҷҷатҳо, мукотиба бо донишгоҳ, тасдиқи дохилшавӣ, гирифтани раводид - ин ҳама вақтро талаб мекунад. Хатогии ночизе дар ин пайвандӣ боиси барбод рафтани ҳамаи кӯшишҳои сарфшуда мегардад. Бо муроҷиат намудан ба маркази мо, шумо мутмаин бошед, ки дигар вақти беҳуда сарф нахоҳед кард.

Вазифаи мо – кӯмак намудан ба ҳар як нафар барои дарёфти имкониятҳои нав, гирифтани таҳсилоти босифату ҷолиб ва муосири хориҷӣ, узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шудан ва фароҳам овардани фазои мусоид барои ояндаи худ.

Гурӯҳи мо

Аъзоёни гурӯҳи мо мутахассисони баландихтисосанд ва ҳар кадоме соҳиби маълумоти олии донишгоҳҳои пешқадами Россия мебошанд. Ғайр аз ин мутмаинем, ки ҳар як корманди ширкатамон аз рӯйдодҳо ва тамоюлҳои охирини соҳаи маорифи хориҷӣ огоҳ ҳастанд.

third

Ёкубжонов Достонбек

Менеҷери оид ба рушд
fourth

Урунов Улуғбек

Директори генералӣ

Дархост гузоред

Барои гирифтани кӯмак оид ба дохилшавӣ, дар сомонаи мо дархост гузоред. Менеҷери мо ба шумо занг зада, маслиҳат медиҳад.

arrow

Дархост гузоштан

Дархост гузоштан