yandex
Asia Consulting
university-russia

Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия

Русия, Москва

ТОП 30 ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

arrow

Дархост гузоштан

Барномаи таълим:

Бакалаврият, Магистратура, Аспирантура

Арзиши таҳсил барои як сол аз:
  • USD
  • TJS
  • KGS
  • KZT
  • RUB
  • UZS

3 150 $

Дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия, донишҷӯ имконият пайдо мекунад, ки мутахассиси дар назария ва амалия пешрафта гардад. Дар давоми таҳсил донишҷӯён малака ва маҳорати касбии худро сайқал медиҳанд - якҷоя бо профессорон ҳайвонҳоро табобат мекунанд, хонаҳои ба зилзила тобовар месозанд, мошинҳои пойга ва киштиҳои кайҳониро таҳия мекунанд, барои гаҷетҳо барнома менависанд, доруҳои нав ихтироъ мекунанд, филмҳои мустанадро ба навор мегиранд

Онҳое, ки барояшон як ихтисос кофӣ нест, метавонанд салоҳияти худро васеъ намуда, дар баробари касби асосӣ маълумоти дуввуми олӣ гиранд ва инчунин дар барномаҳои таҳсилоти иловагии касбӣ дарс гиранд.

Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия орзумандон дохил мешаванд, идеологҳо таҳсил мекунанд, мутахассисон варзида ба омода мегарданд.

Факултетҳо:

  • Факултети илмҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ
  • Факултети экология
  • Факултети забони русӣ ва фанҳои таҳсилоти умумӣ
  • Факултети филология

Истиқомат:

Дар як кӯчаи Миклухо-Маклай, ки ба номи сайёҳ ва этнографи рус гузошта шудааст, 20 бинои таълимӣ ва 14 хобгоҳ ҷойгир аст. Зиёда аз 9000 донишҷӯён ва аспирантҳо дар утоқҳои бароҳати истиқоматӣ бо тамоми шароити зарурӣ - ҳаммом, ошхона, интернет, телевизиони моҳворавӣ зиндагӣ мекунанд. Дар ҳар як бино нуқтаи ҷомашӯӣ ва дарзмолкунӣ, инчунин толори хониш барои дарсҳо ҷой дода шудааст. Бехатарии ҳудуди биноҳоро системаҳои бехатарии зидди сӯхтор ва назорати шабонарӯзӣ таъмин мекунанд. Масофаи пиёда то биноҳо барои ҳаракати зуд дар шаҳраки донишҷӯён шароити мусоид фароҳам меорад.

Дар шаҳраки донишҷӯён мағозаҳо ва шуъбаҳои хизматрасонии бонкӣ, сартарошхонаҳо ва ҷой барои таваққуфи нақлиёт мавҷуд аст, ки барои ҳаёти пурмазмун имкониятҳои хуб фароҳам меорад. Пас аз дарс, донишҷӯён метавонанд дар қаҳвахонаҳо ва тарабхонаҳои сершумор истироҳат кунанд, аз хӯрокҳои аслии халқҳои ҷаҳон - африқоӣ, арабӣ, ҳиндуӣ, русӣ, чинӣ, гурҷӣ баҳравар шаванд. Фаввораи бошукӯҳ дар майдони марказии донишгоҳ ҳамчун “қалби” шаҳраки донишҷӯён ба ҳисоб меравад.

Афзалиятҳои қабул бо Asia Consulting

  • Кӯмак барои дохилшавӣ ба барномаи интихобшуда
  • Интихоби муассисаи таълимӣ дар асоси талабот ва омодагии донишҷӯ, ихтисосҳои дилхоҳ ва доираи молиявӣ
  • Кӯмак дар навиштани эссе ва номаҳои ҳавасмандкунӣ
  • Назорати пурраи раванди ҳуҷҷатсупорӣ
  • Ҳисоби хароҷоти марбут ба будубош

Дархост гузоред

Барои гирифтани кӯмак оид ба дохилшавӣ, дар сомонаи мо дархост гузоред. Менеҷери мо ба шумо занг зада, маслиҳат медиҳад.

arrow

Дархост гузоштан

Дархост гузоштан